Шоми ҷавонон дар Коллеҷи муҳандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт баргузор гардид

ТАЪРИХ:

Имрӯз, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар Коллеҷи муҳандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт ҳамоиши фарҳангиву тарбиявӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва рушди маънавии ҷавонон роҳандозӣ гардида, дар рафти он барномаҳои фарҳангӣ, суханрониҳо ва саҳнаҳои тарбиявӣ манзур гардиданд.

Иштирокчиён аз баргузории чунин чорабиниҳои маърифатию тарбиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи ҷомеа бояд ҳамеша дар сафи пеши тараққиёти кишвар қарор гиранд.

Манбаъ: Гурӯҳи фейсбукии Коллеҷи муҳандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Маводҳоро мубодила кунед:

Subscribe

spot_imgspot_img

Мақолаҳои пурхонандатарин

Мақолаҳои ҳаммонанд
Related

Ба мардуми гиромиқадри ноҳияи Рашт!

Ба муносибати фаро расидани Иди саиди Қурбон, Пойгоҳи хабарии...

Дави миллӣ дар ноҳияи Рашт

Субҳи рӯзи 18 майи соли 2025, дар маркази ноҳияи...

Каримҷон Ёров дар Фейсбук: “Ин кор аз ҳад гузашт, ҷони кӯдакон дар хатар аст”

Каримҷон Ёров, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон, дар як паёми...

Заминларзаи субҳи 8 май дар шарқи Тоҷикистон

Субҳи 8-уми май, соати тақрибан 07:55 дақиқа, дар манотиқи...