Каримҷон Ёров, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон, дар як паёми шадиди интиқодӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ ба фурӯпошии як мактаб дар ноҳияи Рашт ва бетаваҷҷӯҳии мақомоти маҳаллӣ вокуниш нишон додааст. Навори ҳолати хароби бинои мактабро рӯзноманигор Орзӯ Исоева нашр кардааст, ки он дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён овард.

Ёров дар аввали навиштаи худ таъкид мекунад:
“То ба ҳамин вақт ба ягон кори ҳокимияти ноҳия эроде ҳам нагирифтам, лекин ин дар масъала натавонистам ки хомуш монам, ҳарчанд медонам ки ба худ дарди сар мехарам, лекин ин кор аз ҳад гузашт, чунки ҷони кӯдакону муаллимон дар хатар аст.”
Ба гуфтаи ӯ, мактаб барои тамоми мардуми деҳот макони ҳаётан муҳим аст, аммо ба назар мерасад, ки аҳамияти он нодида гирифта шудааст. Ӯ дар идомаи навиштаи худ бо эҳсос ва дард мегӯяд:
“Як қишлоқро болои шаҳраки Ғарм сохтанд бо роҳи маҷбурӣ ва мардум онро Зулмобод ном монд, магар як мактабро сохта наметавонед? Ё шарт аст ки боми ё девор болои касе ғалтаду фоҷеаи калон шавад?”
Каримҷон Ёров суолҳои ошкор ва мустақим ба мақомот ва ҳатто тоҷирони маҳаллӣ медиҳад, ки чаро дар ҳолатҳои дигар, аз ҷумла дар ноҳияҳои дигар бо саховат рафтор мекунанд, аммо дар диёри худ хомӯшанд.
“Тоҷирони воҳимаи ноҳия магар хобанд ё то фалони оча нагуяндашон соз намекунанд? Ҳозир дар дигар ноҳия ин кор шавад бе ягон фармон даҳҳо нафар тоҷирони раштӣ аллакай онҷо буданд бо молу колояшон.”
Ба гуфтаи ӯ, ҳатто баъзе аз роҳбарон бояд дар фикри эҳтиёҷоти аслии мардум бошанд, на дар фикри пазироии меҳмонони расмӣ:
“Як бор мудири маорифро гӯянд, ки тамоми хароҷоти масрафи меҳмонони аз марказ омадаро напардозаду мактабро таъмир кунад, агар дар буҷаи ноҳия маблағ набошад…”
Ёров дар охири навиштаи худ пешниҳоди амалӣ мекунад ташкили як муроҷиатномаи умумимиллӣ барои таъмини кӯмак ба мактаб:
“Агар сахт лозим бошад мо як муроҷиатнома кунем ба мардуми тоҷик ки ёри расонед, чунки дар як ноҳия номдор дар буҷа пуле нест ки мактабро таъмир кунанд…”
Навиштаи Каримҷон Ёров на танҳо як вокуниши эҳсосӣ, балки як даъвати рӯшан ба масъулият ва виҷдон аст. Ӯ дарди як мактабро ҳамчун намунаи беэътиноии умумӣ ба масъалаҳои ҳаётии ҷомеа баён мекунад ва мардумро ба ҳаракат ва амал даъват менамояд.