Субҳи 8-уми май, соати тақрибан 07:55 дақиқа, дар манотиқи шарқии Тоҷикистон замин такон хӯрд. Тибқи маълумоти расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо такя ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази ин зилзила дар 168 километрии шимолу-шарқи шаҳри Душанбе ҷойгир буда, наздик ба ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод будааст.
Ин такони заминӣ дар маркази худ бо шиддати 4 балл ба қайд гирифта шуда, дар ноҳияҳои атроф, аз ҷумла Рашт ва Тоҷикобод, шиддати он ба 2 то 3 балл расидааст. Мақомот хабар додаанд, ки дар натиҷаи ин зилзила талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ сабт нашудааст.
Бо вуҷуди сабукии ин заминларза, сокинони маҳаллӣ ҳанӯз таҳти таъсири равониву моддии зилзилаи шадидтари 13-уми апрел қарор доранд. Дар он ҳодисаи фоҷиабор як нафар ҷони худро аз даст дод ва 16 тан ҷароҳат бардоштанд.
Ба иттилои нав аз мақомоти масъул, дар натиҷаи зилзилаи моҳи гузашта 65 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон шуда, 193 манзили дигар қисман осеб дидаанд. Ҳамчунин, зиёда аз 150 хона бо зарари сабук рӯбарӯ гаштааст.
Мақомоти кишвар бо ҳамкории ниҳодҳои байналмилалӣ ба корҳои барқарорсозӣ оғоз карда, кӯмакҳои фавриро ба осебдидагон мерасонанд. Дар ҳамин ҳол, коршиносон аҳамияти омодагии доимӣ ба офатҳои табииро таъкид мекунанд.