Рушди ҳамкории омӯзгорону волидайн омили муҳим дар баланд бардоштани сифати таълим дар ноҳияи Рашт

ТАЪРИХ:

Рашт, 3 майи соли 2025 Имрӯз дар факултети табиӣ-риёзии донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт вохӯрии муҳим бо иштироки волидайни донишҷӯён баргузор гардид. Ин чорабинӣ, ки бо мақсади таҳкими робитаи байни омӯзгорон ва волидайн сурат гирифт, бо сухани ифтитоҳии декани факултет Ҷӯраев М.М. оғоз ёфт.

Ҷӯраев М.М. зимни баромади худ ба пешравиҳо ва дастовардҳои охиронаи факултет ва донишкада ишора намуда, нақши муҳими донишҷӯёнро дар ин раванд таъкид кард. Ӯ зикр кард, ки “омӯзиш ва илм дар шароити имрӯза бояд на танҳо дар доираи синфхона маҳдуд шавад, балки бояд ба як ҳаракати умумии иҷтимоӣ мубаддал гардад, ки дар он волидайн низ саҳми хешро дошта бошанд.”

Пас аз он, риштаи сухан ба муовини декан оид ба корҳои таълим Сайдалиев С.С. вогузор гардид. Ӯ дар баромади худ доир ба сатҳу сифати таълим, мушкилоти марбут ба дарсшиканӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо суханронӣ кард. Сайдалиев С.С. махсусан ба волидайн муроҷиат намуда, даъват кард, ки барои беҳтар шудани сатҳи дониш ва иштироки фарзандонашон дар дарсҳо масъулиятро бештар эҳсос намоянд.

Дар вохӯрӣ мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони ботаҷриба низ ширкат доштанд. Онҳо бо волидайн сӯҳбати мустақим анҷом дода, андешаҳо ва пешниҳодҳои муфиди худро ироа карданд.

Бо таваҷҷуҳ ба чунин ташаббусҳо метавон гуфт, ки фазои илмӣ дар ноҳияи Рашт тадриҷан рушд меёбад. Бо вуҷуди баъзе мушкилоти инфрасохторӣ, донишкада ва факултетҳо талош доранд бо истифода аз нерӯи кадрии маҳаллӣ ва ҷалби омӯзгорони соҳибтахассус сатҳи таҳсилотро боло баранд. Инчунин, иштироки фаъоли волидайн дар равандҳои таълимӣ нишон медиҳад, ки ҷомеа ба арзишҳои илм ва таҳсил аҳамияти бештар медиҳад.

Ин гуна вохӯриҳо на танҳо барои шиносоии наздиктари волидайн бо раванди таълим мусоидат мекунанд, балки дар таҳкими ҳамкориҳои сеҷониба омӯзгор, донишҷӯ ва волидайн – нақши муҳим мебозанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Маводҳоро мубодила кунед:

Subscribe

spot_imgspot_img

Мақолаҳои пурхонандатарин

Мақолаҳои ҳаммонанд
Related

Каримҷон Ёров дар Фейсбук: “Ин кор аз ҳад гузашт, ҷони кӯдакон дар хатар аст”

Каримҷон Ёров, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон, дар як паёми...

Заминларзаи субҳи 8 май дар шарқи Тоҷикистон

Субҳи 8-уми май, соати тақрибан 07:55 дақиқа, дар манотиқи...

Суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод: ваъдаҳои раҳбарон, аммо камбудиҳо боқӣ мемонанд

Субҳи 5 май, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо...

Ба муносибати зодрӯзи Идизода Зарина Фузайлшо

Муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, Шуморо бо зодрӯз табрик гуфта, бароятон...