Муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо,
Шуморо бо зодрӯз табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, руҳу илҳоми нав ва пешрафтҳои устувор дар фаъолияти роҳбариатон орзуманем.
Шумо шахсе ҳастед, ки аз пояҳои таҳсилот то сатҳи роҳбарии давлатӣ бо заҳмати пайваста ва таҷрибаи касбӣ роҳ паймудед. Дар тӯли зиёда аз 25 сол дар соҳаи маориф ва идоракунии давлатӣ фаъолият намуда, зина ба зина то мақоми раиси ноҳияи Рашт расидед. Ин дастоварди осон ба дастнаомада нест ва нишонаи собитқадамӣ ва донишандӯзии пайвастаи Шумост.
Имрӯз, дар баробари дастовардҳо, ноҳияи Рашт низ бо як қатор масъалаҳое рӯ ба рӯст, ки ҳаллу фасли онҳо метавонад ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат кунад. Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ва неруи инсонӣ, беҳтар мебуд, ки ба соҳаҳое таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад, ки метавонанд таъсири мустақим ба рӯзгори сокинон расонанд. Аз ҷумла, рушди соҳаи кишоварзӣ бо истифодаи равишҳои муосир ва ёфтани роҳҳои нави фурӯши маҳсулот метавонад барои сокинони деҳот имкониятҳои иқтисодии бештар фароҳам орад.
Ҳамзамон, беҳтар шудани ҳолати роҳҳо, обрасонӣ ва дастрасии беҳтари алоқа ба деҳаҳо, метавонад муҳити зиндагиро осонтар ва имкониятҳои рушди маҳаллиро васеътар созад. Таваҷҷуҳи вижа ба ҷавонон, ки имрӯз эҳтиёҷи шадид ба омӯзиш, касбомӯзӣ ва дастгирӣ доранд, метавонад неруи тозае барои рушди ноҳия шавад.
Дар баробари ин ҳама, табиати нотакрори Рашт имконияти хубест барои ҷалби меҳмонон ва рушди туризми дохилӣ, ки на танҳо маърифатро тақвият мебахшад, балки метавонад ба як сарчашмаи нави даромад низ табдил ёбад.
Умед дорем, ки Шумо бо такя ба таҷриба ва ҷаҳонбинии касбӣ, ин гуна самтҳоро низ дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор дода, барои дигаргун сохтани ноҳияи Рашт дар роҳи рушди устувор иқдомҳои амалӣ хоҳед кард.
Бо орзуи комёбиҳои нав. Зодрӯзатон муборак!