ДУРУД ВА САЛОМ БА ҲАМАИ ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ, ХУСУСАН СОКИНОНИ МУҲТАРАМИ НОҲИЯИ РАШТ!
Тавре ки ҳама медонем, солҳои охир дар ноҳияи Рашт бо вуҷуди аҳамияти стратегӣ ва фарҳангии он ягон расонаи хабарии мустақил, радио ё телевизиони маҳаллӣ фаъолият надорад. Танҳо манбаъҳои хабарии мавҷуд асосан расонаҳои давлатӣ ҳастанд, ки на ҳамеша ҳамаи воқеаҳоро аз назари мардуми оддӣ инъикос мекунанд.
Маҳз ҳамин холигӣ ва зарурат барои иттилоотрасонии воқеӣ, гуногунандеша ва наздик ба мардум сабаб шуд, ки мо бо як гурӯҳи ҷавонони бедордилу фаъол, Пойгоҳи Хабарии Рашт-ро таъсис диҳем.
Пойгоҳи Хабарии Рашт як манбаи мустақил, мардумпо ва шаффоф аст, ки ҳадафи он бозтоби ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии минтақаи Рашт мебошад он гуна ки ҳаст, на он гуна ки нишон медиҳанд.
Фаъолияти расмии мо аз имрӯз оғоз меёбад!
Мо бовар дорем, ки ҳар як сокини ноҳияи Рашт метавонад ба як навъ рӯзноманигор табдил ёбад агар шоҳиди як воқеаи муҳим ё мушкилот дар ҷомеа шавад ва онро бо дигарон ба миён гузорад.
📩 Шумо метавонед хабарҳо, аксҳо, видеоҳо ва маълумоти худро ба мо тавассути роҳҳои зерин ирсол намоед:
🔹 Фейсбук: https://www.facebook.com/share/19eR1jY1ZH/?mibextid=wwXIfr
🔹 Телеграм: @rashtnews2025
✉ Почтаи электронӣ: Rashtnews24@gmail.com
Мо махфияти маълумоти шахсӣ ва розигии ирсолкунандагонро пурра эҳтиром мекунем.
Биёед якҷоя як расонаи мардумӣ созем барои ҳақиқат, барои шунидани овози ШУМО, ва барои ояндаи Рашт.
🔗 Вебсайти: https://rashtnews.com/
📘 Фейсбуки: https://www.facebook.com/profile.php?id=61574937032750
📨 Телеграми: @rashtnews2025
👥 Одноклассники: https://ok.ru/profile/910090527197
Бо эҳтиром,
Гурӯҳи кории “Пойгоҳи Хабарии Рашт”
📅 [29/04/202