Ҳарчанд мақомот аз расонидани масолеҳ ва маводи ғизоӣ ба зарардидагони заминларза дар водии Рашт гузориш медиҳанд, баъзе сокинон мегӯянд, ки онҳо то ҳол ёрие дарёфт накардаанд.
Қамариддин Одилов, марди 64-сола аз деҳаи Ҳазорчашма, мегӯяд, заминларза тамоми дороии онҳоро аз байн бурд. Ба гуфтаи ӯ, на ҳаммом боқӣ мондааст, на ошхона ва на оғил. “Ҳар чӣ доштем, фурӯ рехт. Мо дар баландиҳои кӯҳӣ ҷойгирем ва дастрасӣ душвор аст,” мегӯяд ӯ дар як сабти видеоӣ, ки рӯзи 24-уми апрел нашр шуд.
Вай мегӯяд, ки ба идораҳои маҳаллӣ муроҷиат кардааст, аммо дар ҷавоб ҳеч гуна кӯмак нагирифтааст: “Раиси деҳа омада буд, ҳоламро фаҳмондем. Гуфтанд, ки фақат манзилҳои зист сабт мешаванд. Аз он пас дигар касе наздик нашуд.”
Раиси ҷамоати Ҳиҷборак, Лочинбек Маҳмадов, шикояти ӯро рад намуда, мегӯяд, ки Одилов дар рӯйхати хонаҳое сабт шудааст, ки қисман осеб дидаанд. Вай афзуд, ки кумаки давлатӣ ба тамоми осебдидагон мувофиқи навбат мерасад: “Имкон нест дар як муддат ба ҳама кӯмак кунем. Тахта, шифер ва кумаки ғизоӣ тақсим мешавад, вале ба навбат.”
Ба гуфтаи Одилов, ки маъюб аст ва оилаи серфарзанд аст, шароити зиндагӣ пас аз заминларза боз ҳам бадтар шудааст.
Заминларзаи сахти рӯзи 13-уми апрел на танҳо Рашт, балки шаҳри Душанберо низ такон дод. Дар натиҷаи ин офат як кӯдак ҷони худро аз даст дод ва даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки дар ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод 65 манзил комилан ва зиёда аз 190 хона қисман хароб гаштанд. Ба 150 манзили дигар зарари сабуктар расид.
Барои рафъи оқибатҳои офат ситоди махсус ташкил карда шуд ва хабар дода шуд, ки садҳо тонна маводи ёрирасон ба минтақа фиристода шудааст. Бо ин ҳама, баъзе сокинони зарардида, мисли Қамариддин Одилов, мегӯянд, ки то ҳол ягон кӯмак нагирифтаанд.
29-уми апрел, 2025