17-уми феврали соли 2025, дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Рашт вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Рашт №12 бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Чорабинӣ тибқи нақшаи тасдиқшуда баргузор гардида, шахсони боэътимоди номзад ҳозиронро бо ҳолнома ва фаъолияти кории ӯ шинос намуданд. Ҳамзамон, барномаи пешазинтихоботии номзадҳо муаррифӣ гардида, ҳадаф ва афзалиятҳои он шарҳ дода шуд.
Зимни мулоқот интихобкунандагон имкони дарёфти маълумоти бештарро дар бораи барномаи номзад пайдо намуда, андешаҳои худро баён карданд. Ба онҳо барномаи пешазинтихоботӣ дастрас карда шуд. Аммо, мутаассифона, муҳтавои барнома асосан аз ваъдаҳои умумӣ иборат буда, тафсилоти равшане дар бораи роҳҳои амалӣ намудани онҳо пешниҳод нагардид.
Ёдовар шудан зарур аст, ки сабти маҷлис иҷозат дода нашуд, ки ин метавонад саволҳоеро дар бораи шаффофияти раванди пешазинтихоботӣ ба миён орад. Ин дар ҳолест, ки дар интихоботҳои гузашта, вақте ки ҳизбҳои мухолиф фаъолият мекарданд, сабт ва нашри маҷлисҳои пешазинтихоботӣ амалӣ мешуд.

Дар қисмати ҷамъбастии вохӯрӣ интихобкунандагон саволҳои худро матраҳ намуда, оид ба масъалаҳои мавҷуда дар маҳал изҳори назар карданд. Гарчанде ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавоб дода шуд, аксари онҳо ҷавобҳои умумӣ ва бидуни пешниҳодоти мушаххас барои ҳалли мушкилоти мавҷуда буданд.
