Футболбозони Рашт қаҳрамони Лигаи дуюм шуданд

ТАЪРИХ:

Дастаи футболи “Рашт” дар мусобиқаи имсолаи Лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаи Рашт бо маҳорат ва талоши зиёди футболбозонаш мақоми аввалро ба даст овард. Ин пирӯзӣ, ки баъд аз чанд соли фаъолиятҳои номуназзам ба даст омад, нафаси тозае ба футболи минтақа бахшид.

Бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Ноиби аввали президенти Федератсия Хуршед Мирзо, дастаҳои футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун бо сарулибоси варзишӣ ва тӯбҳои футбол таъмин гардиданд. Ширкати “Формула-55” низ сарпарастии мусобиқаҳоро ба зимма гирифт ва хароҷоти хидмати ҳайати доварону нозиронро пардохт намуд.

Мусобиқа пуршӯр ва сертамошобин баргузор шуда, рақобатҳои ҷолиб миёни дастаҳо, бахусус бозии дастаҳои “Меҳргон”-и Нуробод ва “Рашт”, ҳаводоронро ба майдонҳо ҷалб мекард. Ин рақобатҳо ба мусобиқаи дастаҳои бузурги кишвар, ба мисли “Истиқлол” ва “Равшан”, шабоҳати зиёд доштанд.

Бо дастгирии бештар аз ҷониби сарпарастон ва шахсони саховатманд, футболи минтақаи Рашт метавонад ба яке аз пешсафони футболи ҷумҳурӣ табдил ёбад. Футболбозони ҷавони минтақа истеъдодҳои бузург доранд ва бо таваҷҷӯҳи бештар метавонанд дар сатҳи баландтар муваффақ шаванд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Маводҳоро мубодила кунед:

Subscribe

spot_imgspot_img

Мақолаҳои пурхонандатарин

Мақолаҳои ҳаммонанд
Related

Ба мардуми гиромиқадри ноҳияи Рашт!

Ба муносибати фаро расидани Иди саиди Қурбон, Пойгоҳи хабарии...

Дави миллӣ дар ноҳияи Рашт

Субҳи рӯзи 18 майи соли 2025, дар маркази ноҳияи...

Шоми ҷавонон дар Коллеҷи муҳандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт баргузор гардид

Имрӯз, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар Коллеҷи муҳандисӣ-маърифатии...

Каримҷон Ёров дар Фейсбук: “Ин кор аз ҳад гузашт, ҷони кӯдакон дар хатар аст”

Каримҷон Ёров, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон, дар як паёми...