Субҳи рӯзи 18 майи соли 2025, дар маркази ноҳияи Рашт бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Дави миллӣ чорабинии оммавии варзишӣ баргузор шуд.
Дар ин иқдоми варзишӣ кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт фаъолона иштирок намуданд. Иштироки густурдаи ҳайати муассиса далели тарғиби тарзи ҳаёти солим ва эҳсоси баланди ватандӯстии ҷавонон ва кормандони соҳаи тиб мебошад.
Қабл аз оғози дав, намояндагони ҳокимият ва соҳаи варзиш бо суханони ҳавасмандгардонӣ баромад намуда, аҳамияти ин чорабиниро ҳамчун рамзи ваҳдату дӯстӣ ва солимии ҷомеа таъкид карданд.
Масири дав аз маркази ноҳия оғоз гардида, то масофаи муайян идома ёфт. Донишҷӯёни фаъоли Коллеҷи тиббӣ бо рӯҳияи болида ва ҷасорат дар сафи пеш қарор дошта, варзиш ва тарзи ҳаёти солимро таблиғ намуданд.
Иштироки кормандону донишҷӯён дар Дави миллӣ собит намуд, ки насли наврасу ҷавон ба арзишҳои миллӣ, тарзи ҳаёти солим ва ваҳдати миллӣ содиқанд.
Манбаъ: Кудрат Гиесов, гурӯҳи фейсбукии Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт.