Изҳори нигаронии Душанбе аз бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия

ТАЪРИХ:

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои русаш Сергей Лавров, изҳори нигаронӣ кард, ки баёнияҳои муҳоҷирситезонаи бархе аз сиёсатмадорон ва вакилони рус боиси ташвишу изтироб дар ҷомеаи Тоҷикистон шудааст.

Муҳриддин рӯзи 13-уми феврал дар Маскав афзуд, ки амалиёти мақомоти интизомии Русия алайҳи муҳоҷирони тоҷик гоҳе бо шеваҳои сахт сурат мегирад.

“Мо чорабиниҳои мақомоти Русияро барои танзими қонунии муҳоҷират зери суол намебарем, вале ин гуна амалиёт набояд сабаби изтироби ҷомеа ва фазои иттилоотӣ гардад,” – гуфт вазири корҳои хориҷӣ.

Дар моҳҳои охир, бахусус пас аз ҳодисаи ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар моҳи март, фишор ва бадрафторӣ нисбат ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш ёфтааст. Баъди он ҳодиса, беш аз 17 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шуданд.

Муҳоҷирони тоҷик яке аз қишрҳои асосии корҷӯён дар Русия маҳсуб мешаванд. Тибқи омори расмӣ, танҳо дар нимаи аввали соли 2024 тақрибан 393 ҳазор шаҳрванд аз Тоҷикистон барои кор ба хориҷ, аксаран ба Русия, сафар кардаанд.

Барои муҳоҷирон таъмини муносибати одилона ва дур аз таҳқиру табъиз дар кишвари мизбон ҳаётан муҳим аст. Душанбе аз Маскав хостааст, ки чорабиниҳои интизомии худ ба зидди муҳоҷиронро дар доираи қонун бо риояи ҳуқуқҳои инсон анҷом диҳад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Маводҳоро мубодила кунед:

Subscribe

spot_imgspot_img

Мақолаҳои пурхонандатарин

Мақолаҳои ҳаммонанд
Related

Ба мардуми гиромиқадри ноҳияи Рашт!

Ба муносибати фаро расидани Иди саиди Қурбон, Пойгоҳи хабарии...

Дави миллӣ дар ноҳияи Рашт

Субҳи рӯзи 18 майи соли 2025, дар маркази ноҳияи...

Шоми ҷавонон дар Коллеҷи муҳандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт баргузор гардид

Имрӯз, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар Коллеҷи муҳандисӣ-маърифатии...

Каримҷон Ёров дар Фейсбук: “Ин кор аз ҳад гузашт, ҷони кӯдакон дар хатар аст”

Каримҷон Ёров, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон, дар як паёми...