Маҳмадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи созмони мухолифи “Гурӯҳи 24”, иддао дорад, ки мақомот дар ноҳияи Рашт ба наздиконаш фишор меоранд, то ӯ аз Аврупо ба ватан баргардад ва аз фаъолиятҳои сиёсиаш даст кашад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳафтаи гузашта ду корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ба манзили хонаводааш рафта, аз падару модараш талаб кардаанд, ки ӯро ба бозгашт ташвиқ кунанд.
“Онҳо гуфтаанд, ки занг занед ва фаҳмонед, ки бахшиш пурсаду баргардад. Чанд маротиба ба хонаводаи ман фишор оварданд, гарчанде волидони ман ҳеч рабте ба фаъолиятҳои ман надоранд,” – мегӯяд Абдуқаҳҳор.
Мақомоти Тоҷикистон ин иддаоро тасдиқ ва ё рад накардаанд. Соли 2014 қонунгузорӣ имкони афви афроди таҳти ҷустуҷӯро пешбинӣ карда буд, агар онҳо ба ватан баргашта, изҳори пушаймонӣ кунанд. Вале ба гуфтаи Маҳмадсобири Абдуқаҳҳор, ӯ гуноҳе надорад ва ба ваъдаҳои мақомот бовар намекунад.
Мақомоти Тоҷикистон даҳҳо узви ин созмонро дар дохил ва хориҷ боздошт ва зиндонӣ кардаанд. Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”, моҳи октябри соли 2024 ба 30 сол зиндон маҳкум шуд. Насимҷон Шарифов, узви дигари созмон, 20 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз 9-уми октябри соли 2014, фаъолияти созмони “Гурӯҳи 24” дар қаламрави кишвар манъ эълон шудааст.