Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон, бо қарори додгоҳи Русия аз боздоштгоҳи шаҳри Тюмен озод шуд. Бародараш Хайрулло Худоёров рӯзи 21-уми июн бо тасдиқи ин хабар гуфт: «Ҳоло бо ҳам ба хона равонаем.»
Ҷунайдулло Худоёров моҳи июни соли 2023 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда, як сол дар боздоштгоҳи Тюмен нигоҳ дошта мешуд. Бар асоси санаде, ки пештар дастраси Радиои Озодӣ шуд, ӯ аз тарафи Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Рашт бо иттиҳоми авбошӣ (моддаи 237, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ) таҳти пайгард қарор дошт.
Мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи ӯро шарҳ надоданд. Худаш ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ дар моҳи июни соли 2023 изҳор дошт, ки боздошташ бар асоси шикояти наздикони хонаводае сурат гирифтааст. Хонаводае, ки фарзандашон дар марги бародарзодаи ӯ, Алиризо Худоёров, даст дошт. Алиризо Худоёров соли 2021 дар як занозанӣ бо зарби корд кушта шуд. Ҳарчанд ду нафар дар ин қазия дастгир ва маҳкум шуданд, муноқиша байни хонаводаҳо идома ёфт.
Ҷунайдулло Худоёров соли 2018 низ бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи «Салафия» ба панҷ сол зиндон маҳкум шуда буд, вале соли 2019 бар асоси қонуни афв озод шуд. Пас аз озодӣ ӯ ба Русия рафт ва баъд аз ҳодисаи марги бародарзодааш муддате ба зодгоҳаш баргашт, аммо дубора ба Русия рафта буд.
Ҳоло ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дорад.
Привет! Это комментарий.
Чтобы начать модерировать, редактировать и удалять комментарии, перейдите на экран «Комментарии» в консоли.
Аватары авторов комментариев загружаются с сервиса Gravatar.